Раванди бўҳрони молӣ дар Италия
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар»).-Дар Италия раванди бўҳрони молӣ эҳсос мешавад. Бино ба иттилои Вазорати меҳнати ин кишвар давоми 4 соли охир дар пайи бўҳрони молиявӣ 1 миллион нафар шуғли доимии худро аз даст дода, ба рўйхати бекорон шомил шудаанд. Ин теъдод бар асари варшикастагӣ ва барҳам хӯрдани корхонаву ширкатҳо ва ихтисори кормандон ба амал омадааст. Аксари сокинони Италия ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат тайи чанд соли дигар эътимоди қавӣ надоранд. Идомаи бекорӣ сокинонро водор месозад, ки бо мақсади пайдо кардани шуғли доимӣ ба хориҷи кишвар сафар кунанд. Тарҷумон Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






