Раванди корҳои илмии Академия кишоварзӣ
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар айни замон ба сохтори Академияи илмҳои кишоварзӣ 6 Пажӯҳишгоҳи илмии соҳавӣ (зироаткорӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ, хокшиносӣ, чорводорӣ, ветеринарӣ, иқтисодиёти кишоварзӣ), Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир ва Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ» шомиланд,- иброз дошт президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҳукматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, дар муассисаҳои мазкур 428 ходими илмӣ, аз ҷумла 25 доктори илм, 128 номзади илм, 6 академик ва 9 аъзои вобастаи АИКТ ба таҳқиқоти илмӣ машғуланд.Раванди корҳои илмии Академия барои ҳалли масъалаҳои рӯзмараи таъминоти илмии рушди соҳаи кишоварзӣ дар заминаи 77 мавзӯи илмию таҳқиқотӣ пеш меравад.Дар нимсолаи аввали соли 2012 аз рӯи барномаҳои тасдиқгардида, корҳои илмӣ-таҷрибавӣ дар филиалу стансияҳо, пойгоҳҳои илмию хоҷагиҳои таҷрибавии минтақаҳои ҷумҳурӣ амалӣ гардида, натиҷаи корҳо қаноатбахш аст,-афзуд академик Ҳ. Аҳмадов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






