Роҳандозии «Соати экологӣ»

Июль 13, 2012 14:07

Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони шаҳрӣ пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мавриди роҳандозии «Соати экологӣ» дар пойтахтро ҷонибдорӣ намуданд. Дар робита ба ин рўзҳои чоршанбеи ҳар ҳафта дар ҳудуди корхонаву муассисаҳо, биноҳои истиқоматию шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бо ҷалби роҳбарият ва кормандони субъектҳои хоҷагидорӣ ва сокинони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ «Соати экологӣ» гузаронида мешавад, иттилоъ медиҳад Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе.  Ҳадафи ба роҳ мондани «Соати экологӣ» дар пойтахт баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ, хизматрасонии коммуналию пардохти ҳаққи истифодаи онҳо, беҳдошти ҳолати экологию санитарӣ, таъмини ҳифзи муҳити зист ва тақвияти фарҳанги экологӣ дар шаҳр аст. «Соати экологӣ» бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва интихоби вақти мувофиқ, ки ба раванди коргузорию истеҳсолот халал ворид намекунад, ба таври ҳатмӣ гузаронида мешавад.

Июль 13, 2012 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард