Роҳи «Саховат» кай боз мегардад?
Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Моҳи сентябри соли равон роҳи мошингарди болои гузаргоҳи зеризаминии пиёдагардон, воқеъ дар кўчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори «Саховат», ки имрўзҳо сохтмонаш идома дорад, ба истифода дода мешавад. Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе мегўяд: «Алҳол дар сохтмони гузаргоҳ 80 нафар мутахассис ба таври шабонарўзӣ кор карда истодааст. Бояд тазаккур дод, ки гузаргоҳи мазкур на танҳо дар пойтахт, балки дар ҷумҳурӣ калонтарин гузаргоҳ маҳсуб ёфта, масоҳати умумиаш 2266 метри мураббаъ, дарозиаш 60,7 метр, паҳнояш 12 метру 80 сантиметр ва баландиаш 3 метр буда, дорои 10 адад зинапоя аст. Ҳамзамон дар он 25 нуқтаи савдо, 1 нуқтаи нозири минтақавӣ ва 2 нуқтаи хизматрасонии муҳандисӣ бунёд карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи май шурўъ гардида, маблағи умумии сохтмони гузаргоҳ 19 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаи гузаргоҳ аз сўи корхонаи воҳиди давлатии «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ»-и Вазорати нақлиёт ва коммунтикатсияи кишвар таҳия гардида, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе мебошад. Интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ то охири соли равон дар ин иншоот ба анҷом расида, гузаргоҳ мавриди истифода қарор дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






