С. Девонаев: «186 нафар аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуд»
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба ҳолати будубоши муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар ҷумҳурӣ 192 санҷиш гузаронида шуда, нисбат ба 291 шаҳрванди хориҷӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва 186 нафар тибқи муқаррарот аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуд. Ин нишондодро Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ зимни нишаст ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Сафиалло Девонаев гуфт: ин теъдод, ки дар қаламрави мамлакати мо ба тиҷорату соҳибкорӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ машғуланд, барои риоя накардани қоидаи будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, надоштани ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият, гузаштани мӯҳлати раводид ва барои дағалона вайрон кардани қоидаи будубош аз ҷумҳурӣ хориҷ шудаанд.
Дар айни замон дар кишвари мо муҳоҷирони 40 давлати ҷаҳон, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Украина фаъолият доранд,- таъкид намуд С. Девонаев.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






