Сафари хизматии Вазири корҳои дохилӣ ба ВМКБ

Июль 11, 2012 10:43

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Сафари хизматии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, зимни ин сафар Вазири корҳои дохилӣ аз шароити корӣ, омодабошии ҳайати шахсӣ ва натиҷаҳои хизматии Раёсат ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти мазкур дидан намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам баланд намудани натиҷаҳои хизматии ҳайати шахсӣ, ошкор ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои вазнин, пешгирии воридот ва интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор ва яроқу лавозимоти ҷангӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.Инчунин Вазири корҳои дохилӣ бо роҳбарони як қатор сохторҳои қудратии мамлакат аз рафти машқҳои муштараки тактикии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар вилояти мазкур дар мавзӯи «Мубориза бар зидди терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор» дидан намуда, ба маҳорати кормандон ва мутахассисони бахшҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар ин машқҳо иштирок доштанд, баҳои баланд дод ва зиёда аз 15 нафар кормандонеро, ки дар ин машқҳо аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд, бо медал, нишони сарисинагӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Июль 11, 2012 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!