Сафари кории Э.Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, субҳи барвақт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва мулоқоту суҳбат бо мардум ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.
Тайи боздиди корӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти як зумра хоҷагиҳои деҳқонӣ, шабакаҳои обрасонӣ, як маркази илмию таҷрибавии Академияи кишоварзӣ ва як корхонаи парвариши гулмоҳӣ шинос шуда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом хоҳад дод.
Тавре интизор меравад, таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи пурсамари заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ зоҳир мегардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






