Шикояти шаҳрвандон аз болои судҳо

Июль 10, 2012 08:42

Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов дар нишасти матбуотие, ки барои воситаҳои ахбори омма баргузор намуд, бори дигар аз он ёдовар гардид, ки ҳанӯз кори на ҳамаи судҳо ба меъёрҳои байналмилалии ҳукуқи шаҳрвандӣ мувофиқ карда шудааст, ё онҳо дар кори худ аз рӯи методҳои кӯҳнашудаи фаъолияти судӣ истифода мекунанд. Дараҷаи баланди касбият дар кори қисме аз судҳо мушоҳида намегардад. Ҳолати бекоршавии қарорҳои судӣ дар фаъолияти қисман судҳо бозгӯ аз он аст, ки дар татбиқи қонунҳо дараҷаи донишу касбият дар сатҳи зарурӣ истифода намегардад. Зафар Азизов ҳамчунин аз он ёдрас шуд, ки дар мӯҳлатҳои муқарраргардида омода накардани қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси судӣ ва ба тарафҳо саривақт насупоридани нусхаи санадҳои қабулгардида, ба иҷро пешниҳод нашудани қарорҳо ва таъмин набудани назорати иҷроиши онҳо аз ҷиддитарин масъалаҳое мебошанд, ки барои бартараф намудани онҳо Шӯрои адлия ба судҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои зарурӣ додааст. «Дар давоми ним сол 572 арзу шикояти шаҳрвандон ба дастгоҳи Шӯрои адлия ворид шудааст, ки он ба сифати кори судҳо то ҷое латма мезанад»,-афзуд раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ ЗафарАзизов дар ин нишаст ба хабарнигорон.

Июль 10, 2012 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад