Сохтмони мактабҳо аз ҳисоби қарзи Фонди Саудии Рушд

Июль 25, 2012 10:21

Душанбе, 25 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-12 иншоот барои 1796 ҷойи нишаст дар соли равон аз ҳисоби маблағҳои мутаммаркази асосии ба Вазорати маорифи кишвар пешбинигардида сохта мешаванд. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои марҳилаи сеюми гранти Фонди каталитикӣ таъмиру барқарорсозии 30 иншоот дар бахши маориф дар назар аст.  Ҳамзамон, корҳои таъмиру барқаросозии Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи шаҳрҳои Кўлобу Қўрғонтеппа, Хуҷанд ва Душанбе, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ношунаво /ноҳияи Рўдакӣ/, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони нобино /ноҳияи Ҳисор/ ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус воқеъ дар ноҳияи Ҳисор идома дорад. Инчунин дар доираи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Ба анҷомрасонии сохтмони панҷ мактаби миёна ва дастрас намудани таҷҳизотҳо», ки аз ҳисоби қарзи Фонди Саудии Рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад, алҳол шартномаҳои пудратӣ барои оғози сохтмони се иншоот ба маблағи беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ баста шудааст.

Июль 25, 2012 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад