Страун Стивенсон ба Роғун меравад
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро, ки таҳти роҳбарии Страун Стивенсон ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт. Страун Стивенсон дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт: зимни мулоқоти пурмӯҳтаво ва судманд бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо мавзӯи мавқеи геополитикии Тоҷикистон дар минтақаро мавриди муҳокима қарор додем. Номбурда афзуд: азбаски Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари муҳим маҳсуб меёбад ва он бо якчанд кишвари ҳассос, аз қабили Афғонистону Покистон ҳамҷаворӣ дорад, мо дар ин мулоқот роҷеъ ба саҳми Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа низ гуфта гузаштем. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар самти пешгирии ҳар гуна чолишу хатарҳо, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб мавқеи муҳим дорад. Страун Стивенсон гуфт, ки ман зимни сафарҳои қаблии худ аз Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дидан кардам ва дар ин сафар низ бо истифода аз фурсати муносиб ҳамроҳ бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо аз ин мавзеъ дидан хоҳем кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






