Тағйири ном кардани бархе аз маҳалҳои аҳолинишини кишвар
Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳри Ваҳдат номи бархе аз маҳалҳои аҳолинишини минтақаҳои мазкур тағйир дода шуд. Дар ин хусус аъзои Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи даҳуми палатаи болоии парлумони мамлакат қарорҳои марбута қабул намуданд. Аз ҷумла, номи деҳаи Тӯятоши шаҳри Сарбанд ба Истиқлол, деҳаҳои Одоқ-Қайнар, Эшма-Боғ ва Эшмаи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Наврўз, Баҳор ва Пахтакор табдил гардиданд. Ҳамзамон номи деҳаҳои Каскана, Қаромазор, Замбарак ва Тариэкани шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба Навобод, Зарчашма, Гулшан ва Гулдара табдил дода шуданд. Деҳаҳои мазкур дар ҳудуди шаҳракҳои Зарнисор ва Адрасмон воқеанд.Ҳамзамон номи деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ба номи Гадолиев Қурбоншо, деҳоти Ишкошими ноҳияи Ишкошим ба номи деҳоти Рустамбек Юсуфбек, деҳоти Сохчарв ва Дарморахти ноҳияи Шуғнон ба номи деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов ва Ғарибшо Шаҳбозов ва номи деҳоти Ванҷи ноҳияи Ванҷ ба номи Маҳмадулло Абдуллоев тағйир дода шуд.Инчунин номи деҳоти Дўстии шаҳри Ваҳдат ба номи Карим Исмоилов табдил карда шуд. Мамадшо Илолов-раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ зимни тавзеҳи масъалаҳои марбут ба сохти марзиву маъмурӣ гуфт, ки мақсад аз тағйири номи маҳалҳои аҳолинишини минтақаҳои мазкур гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, Истиқлолияти давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ, абадӣ гардонидани хотираи неки шахсиятҳои барўманду хизматнишондодаи диёр ва нишони арҷгузорӣ ба меҳнати софдилонаи онҳост.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






