Тағйирот ба реҷаи фаъолияти субъектҳои хизматрасон
Душанбе, 3 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба реҷаи фаъолияти субъектҳои хизматрасонии шаҳр тағйирот ҷорӣ мегардад. Дар робита ба ин шаҳрдори Душанбе дар ҷараёни баргузории ҷаласаи васеи корӣ ба фаъолони шаҳр пешниҳод кард, ки нисбати ин масъала, яъне таҷдиди назар намудан ба реҷаи фаъолияти субъектҳои хизматрасонии фарҳангию фароғатии шаҳр, қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таклиф ироа созанд. Интизор меравад, ки тибқи ин пешниҳод реҷаи фаъолияти субъектҳои хизматрасонии фарҳангию фароғатии пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистон то соати 23-00, дар фаслҳои баҳору тобистон то соати 24-00 ва ба субъектҳои мутазаккира, ки берун аз маҳалли аҳолинишин, мактабу бемористонҳо воқеанд, то соати 01-00 ҷараён мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






