Тағйироти кадрӣ дар системаи судӣ

Июль 19, 2012 14:02

Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Се нафар судя – Тоҷиддин Қодиров, Савриддин Тошев ва Аҳтам Акрамов ба ҳайси судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Дар робита ба ин 19 июл дар ҷаласаи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Судяҳое, ки ба ҳайси судяи Суди Олии ҷумҳурӣ интихоб шуданд, собиқаи калони корӣ дошта, солиёни зиёд дар системаи судии кишвар фаъолият намудаанд. Аз ҷумла, Савриддин Тошев 31 сол собиқаи корӣ дошта, аз соли 1987 дар системаи судӣ фаъолият дорад. Мавсуф дар вазифаҳои судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе, судяи суди Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2010 то имрўз дар вазифаи раиси суди шаҳри Роғун фаъолият дошт. Судя Аҳтам Акрамов дорои собиқаи 28 солаи корист ва аз соли 1995 дар системаи судӣ фаъолият дорад. Мавсуф дар вазифаи судяи суди ноҳияҳои Октябр (ҳоло И.Сомонӣ), Фрунзе (Сино)-и шаҳри Душанбе кор кардааст. Инчунин дар вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе (ҳоло Шоҳмансур), раиси суди ноҳияи Ҳисор ва Файзобод фаъолият доштааст. Инчунин Мирзо Шоинов судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Номбурда дорои собиқаи 25 солаи корӣ буда, дар вазифаҳои судяи суди ноҳияҳои Сино, Рўдакӣ, Шоҳмансур, судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва шаҳри Душанбе кор кардааст. Ҳамзамон дар муддати солҳои 2007-2010 раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва аз соли 2010 то имрўз дар вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷиргатол фаъолият дошт. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда, онҳоро ба дарки баланди масъулиятшиносӣ, адолатпарварӣ ва риояи ҳақиқат зимни фаъолияти кориашон ҷиҳати ҳимоя аз ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандон ҳидоят кард ва гуфт, ки бояд ба эътимоди халқ содиқ бошанд.

Июль 19, 2012 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд