Тақдими унвонҳои фахрӣ баҳри пешбурди варзиш
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани варзиш дар кишвар ба устодони ин соҳа унвонҳои фахрӣ тақдим намуд. Унвонҳои фахрии варзишӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», низомномаҳо оид ба унвонҳои фахрии «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ», «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мураббии тахассуси дараҷаи якум», «Мураббии дараҷаи олӣ» ва «Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ» дода мешаванд. Мавриди зикр аст, ки бо унвонҳо устодон ва мураббияҳои тамоми манотиқи кишвар сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






