Таҷлили иди касбии кормандони БДА

Июль 4, 2012 11:36

Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ҳамасола 3 июл ҳамчун рӯзи таъсисёбӣ ва ташкили Раёсати бозрасии давлатии автомобилии мақомоти корҳои дохилӣ аст, ҳамчун иди касбии кормандони ин бахш таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана дирӯз дар РБДА ВКД чорабинии бошукӯҳ доир гардид. Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро бо иди касбиашон табрик гуфта, аз дастоварду натиҷаҳои хизматиашон ёдовар гардид.Аз ҷумла зикр шуд, ки ба забони давлатӣ тайёр кардани шаҳодатномаи ронандагӣ ва варақаҳои бақайдгирӣ, ба талаботи меъёрҳои байналмиллалии бехатарӣ ҷавобгӯй намудани аломатҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, бо техникаи замонавӣ, алалхусус дастгоҳҳои суръатсанҷи замонавӣ, санҷиши нургузаронии шишаи нақлиёт, ишорачӯбҳои ҷилодиҳанда, инчунин аз ҳисоби автомашинаҳои ҳозиразамон муҷҷаҳаз гардонидани парки автомобилӣ, аз дастовардҳое буданд, ки ба беҳдошти фаъолияти кормандони БДА мусоидат намуданд.Бахшида ба ин сана дар бинои Раёсати БДА ошёнаи 4- ум ба истифода дода шуд, ки аз ду толори машваратӣ ва маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ҳуҷраи тестӣ ва 8 ҳуҷраи хизматӣ бо тамоми таҷҳизот иборат мебошад.

Июль 4, 2012 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд