Такмили ихтисос
Суғд, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ). Семинари машваратии ҷумҳуриявӣ бо иштироки директорони Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд баргузор гардида истодааст. Семинари машваратии ҷумҳуриявӣ аз 9 июл дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Б. Ғафуров идома ёфта, 5 ноҳияҳои вилояти Суғдро дар бар мегирад. 10 июл меҳмонон аз Маркази таҳсилоти иловагии рақами 1-и ноҳияи Б.Ғафуров дидан карданд, ба лаёқату истеъдоди хонандагони ин марказ таҳсину офаринхо гуфтанд.Имрӯз аҳли иштиирокдорони семинар-машварат аз мактабҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Чкаловск дидан карданд. Мактаби асосии семинар мубодилаи таҷрибаи рушди марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва масъалаи ҷорӣ мебошад, ки роҳбарони марказҳои иловагӣ таҷрибаҳои беҳтарини худро тарғибу ташвиқ менамоянд. Пагоҳ иштирокдорони семинар дар ноҳияи Исфара ва шаҳри Хуҷанд фаъолияти корӣ мебаранд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Маркази таҳсилоти иловагӣ аз Кӯҳистони Бадахшон Нурия Қодирова маълумот дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






