Талабот ба қарзҳои хурд бештар гардид
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷалби бештари маблағҳои озоди аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо бо мақсади пешниҳоди онҳо дар шакли қарз ба соҳаҳои мухталифи истеҳсолии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ яке аз вазифаҳои муҳими ташкилотҳои қарзии кишвар ба шумор меравад. Аз рӯи иттилоъи хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, дар панҷ моҳи аввали соли равон бақияи умумии қарзҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд гардид. Дар ин давра фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 19,83 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,16 фоизи солонаро ташкил намуд. Аз рӯи иттилоъи манбаъ, дар панҷ моҳи соли 2012 бинобар зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба маблағҳо ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 28,6 фоиз афзуд. Аз ҷумла, 257,1 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба сокинони ноҳияҳои дурдаст дода шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 18,4 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






