Тарбияи кадрҳои лаёқатманд
Ҳисор, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор барои дарёфт ва ба феҳристи захираи кадрҳо ҷобаҷогузории занону духтарони лаёқатманд тадбирҳои амалӣ меандешад. Боиси тазаккур аст, ки дар шӯъбаи мазкур маркази иттилоотӣ таъсис ёфтааст, ки дар баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии занон саҳми арзанда дорад. Ҳамчунин кормандони бахши мазкур дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти марбута дар кулли ҷамоатҳо, шаҳракҳо, озмунҳо, аксияҳо, вохӯриҳоро мунтазам баргузор менамоянд. Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» барои солҳои 2007-2016» қарори махсуси раиси ноҳия ба тасвиб расидааст. Алҳол дар ноҳия 222 нафар зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва зиёда аз 650 нафар ба ҳайси сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолияти пурсамар доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






