Таърихнигори маъруф даргузашт
Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Профессор Мансур Бобохонов, таърихнигори маъруфи тоҷик бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 81- солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Тибқи иттилои пайвандон М. Бобохонов муддати тӯлонӣ аз бемории саратон ранҷ мебурд. Мансур Бобохонов аз чеҳраҳои барҷастаи илм ва маъруфтарин донишманди таъриху фарҳанг, иқтисод, сиёсат ва ҳамчунин аз пажӯҳишгарони умдаи ҷамъияти тоҷикони бурунмарзӣ ба шумор мерафт.Ӯ дар солҳои 1965-1982 вазифаи ректори Донишкадаи таърих ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.Профессор Бобохонов ҳамчунин узви пайвастаи Фарҳангистони омӯзгорӣ (педагогӣ) ва ҷомеашиносии Русия буда, муаллифи беш аз 400 асари илмӣ, аз ҷумла ҳашт рисолаи илмӣ ва даҳ китоби дарсӣ маҳсуб мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






