Таркиш дар Душанбе

Июль 5, 2012 11:48

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Субҳи имрӯз дар бинои ҶДММ «Омега», воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи И.Сомонӣ таркиш ба амал омад. Ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳарчанд таркиш боиси ташвишу изтироби сокинони ин маҳалла гардид, вале дар натиҷаи он танҳо оинаҳои ҳуҷраи посбонӣ шикаста, ба касе зарари ҷисмонӣ нарасидааст. Дар рафти тафтиш маълум шуд, ки бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва хунукназарона муносибат кардан бо таҷҳизоти барқӣ дастгоҳи обгармкунии худсоз бе об монда, сабаби рух додани таркиш гардидааст. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқию газӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ ва муносибати дуруст бо онҳоро фаромӯш накунанд.

Июль 5, 2012 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад