Ташкили гурӯҳи тафтишотӣ нисбат ба куштори А. Назаров
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — «Нисбат ба куштори генерал Абдулло Назаров аз рӯи моддаҳои 104, 199 қисми 4 а,б, ва 328 қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», — иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ 23 июл прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода. Вай афзуд, ки дар шаҳри Хоруғ бо сарварии муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Хайрулло Саидов гурӯҳи тафтишотӣ ташкил шуда, корҳои тафтишотӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд. Бояд гуфт, ки куштори генерал А. Назаров ба фаъолияти касбии ӯ марбут дониста шуда, зоҳиран бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






