Ташрифи хабарнигорони маҷаллаи бонуфузтарини Аврупо ба ҶТ
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Хабарнигорони маҷаллаи бонуфузтарини сиёсию иқтисодии Итттиҳоди Аврупо «The European Times» дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани мавод оид ба Тоҷикистон барои нашри навбатии маҷаллаи худ қарор доранд.Барои ҷамъоварии мавод, муаррифӣ ва ташаккули афкори мусбат дар ҷомеаи Аврупо дар бораи Тоҷикистон хабарнигорони маҷалла бо ҳамкасбони тоҷикистонии худ мулоқоти мақсаднок мегузаронанд.Аз ҷумла имрӯз, 18 июл ин хабарнигорон бо директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Садриддин Шамсуддинов вохӯрӣ доир намуда, дар бораи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.Бояд қайд кард ,ки маҷаллаи «The European Times» аз маҷаллаҳои шинохтаи Аврупо буда, зиёда аз 410 ҳазор хонандаи доимӣ дорад .Яке аз вазифаҳои маҷалла ҷалби диққати сармоягузорон ба соҳаҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёти ин ё он мамлакат, ба монанди молия, бонк, тиҷорату саноат, тандурустӣ, телекоммуникатсия, нақлиёт, логистика ва инчунин туризм мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






