Таъсиси шӯъбаи нав дар дастгоҳи Ваколатдор
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Дар нимсолаи аввали соли 2012 дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 278 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо аризаву шикоятҳои хаттӣ – 127 ва муроҷиатҳои шифоҳӣ – 151 адад мебошанд.Ҳамчунин дар шашмоҳаи аввали соли 2012 кормандони мақомот бо супориши Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ва Нақшаи кори мақомот 13 маротиба барои санҷиш ба маҳалҳо баромада, дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат намуданд, иттилоъ доданд масъулини соҳа ба мухбири АМИТ «Ховар». Ҳамчунин иштироки кормандони мақомоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар мурофиаҳои судӣ низ ба роҳ монда шудааст.Баҳри баланд бардоштани иқтидори институтсионалии мақомот, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар Тоҷикистон дар дастгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд, ки фаъолияти пурраи он дар нимсолаи дуюм ба роҳ монда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






