Татбиқи лоиҳаҳои Ҷопон дар водии Рашт

Июль 12, 2012 12:04

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — «Лоиҳаи азнавсозии пул ва барқарорсозии роҳ дар ҷамоати «Лахш»-и ноҳияи Ҷиргатол» бо маблағи умумии 112.195 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ меёбад, муваффақиятомез ба итмом расид.11 июли соли ҷорӣ сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хиройуки Имахашӣ ва раиси ноҳияи Ҷиргатол Зоир Умедхоҷаев дар маросими ба итмом расидани лоиҳа оид ба сохтмони пул дар ҷамоати Лахши ноҳияи Ҷирғатол ширкат варзиданд. Бояд зикр намуд, ки мардум дар панҷ деҳоти ҷамоати «Лахши» ноҳияи Ҷиргатол аз ноилоҷии вазъият азият мекашиданд, зеро пули 50-солаи фарсуда, ки дар наздикии деҳот мавҷуд буд, имконияти аз дарё гузаштанро намедод. Сокинони деҳот заҳмати зиёд мекашиданд, зеро ки онҳо дар тарафи рости дарё ва созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ дар тарафи чапи дарё воқеъ буд. Ғайр аз ин, заминҳои корами деҳотиён дар тарафи муқобил ҷойгир буда, сокинон ҳар дафъа барои аз як соҳил ба соҳили дигар барои ҷамъоварии ҳосил гузаштан боз ҳам ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур пуле дарозияш 18м ва аз ду тарафи он роҳҳои дорои масофаи 6.550м барқарор гардид. Худи ҳамон рӯз сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонишини раиси ноҳияи Рашт Назирхӯҷа Мирзоев дар маросими ифтитоҳи сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар ҷамоати «Ҳоит»-и ноҳияи Рашт ширкат варзид. Ҳукумати Ҷопон барои «Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар ҷамоати «Ҳоит» маблағи умумии 95.565 доллари ИМА-ро ҷудо намуда буд. Тавассути лоиҳаи мазкур нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 120 кВт/соат сохта шуд. Инчунин, дар нерӯгоҳи дигари хурд бо иқтидори 35 кВт/соат, ки аз ҷониби мардуми маҳаллӣ сохта шуда буд, турбина ва генератори нав васл гардид.

Июль 12, 2012 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад