«Тоҷик Эйр» ҳавопаймоҳои замонавӣ мехарад
Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ҷиҳати васеъ намудани нақшаи парвозҳо «Тоҷик Эйр» дар нимсолаи дуввум ифтитоҳи хатсайрҳоро ба самти Кобул, Дубай, Бангкок, Қарочӣ, Гуанҷоу ва Сеул дар назар дорад ва барои ифтитоҳи ин хатсайрҳо «Тоҷик Эйр» харидории ҳавопаймоҳои замонавиро ба нақша гирифтааст. Дар ин бора Исмоил Ғафуров, директори тиҷоратии ҶСК «Тоҷик Эйр» зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. И. Ғафуров ҳамчунин илова намуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи иловагӣ барои харидории ҳавопаймоҳои нав фаъолияти молиявию хоҷагидории «Тоҷик Эйр»-ро ширкати «Делойт ва Туш» мавриди санҷиш қарор додааст ва натиҷаи аудити байналмилалӣ рӯзҳои наздик муайян мегардад. Имрӯз дар тавозуни корхона 36 адад ҳавопаймою чархбол ба қайд гирифта шудааст ва аз ин теъдод танҳо 12-тои он мавриди баҳрабардорӣ ва 24 ҳавопаймои дигар дар нигоҳдории тӯлонӣ қарор дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






