«Тоҷик Эйр» боздошти чархболҳояшро рад мекунад
Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабари боздошти ду чархболи ширкат дар Афғонистонро, ки дар чандин аз расонаҳои хабарӣ интишор шудааст, рад мекунад.Дар иттилои аз ҷониби хадамоти матбуоти ин ширкат пахшшуда зикр гардидааст, ки ду чархболи МИ-8МТВ бо ҳайати кормандони техникиву халабонон мутобиқи қарордод бо як ширкати машғул ба таъминоти ғайринизомии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон фаъолият доранд.«Бинобар сабаби ба вуҷуд омадани баҳсҳо миёни корфармо ва Вазорати нақлиёт ва ҳавопаймоии Афғонистон фаъолияти беш аз 30 нафар кормандони ҳавопаймоҳову чархболҳо боздошт шуда, ки миёни онҳо намояндагони Тоҷикистон, Русия, Украина, Қирғизистон ва Колумбия ҳастанд», — гуфта мешавад дар хабари ширкати ҳавопаймоӣ.Намояндагони ин ширкат таъкид мекунанд, ки ҳайати кормандони чархболҳо боздошт нагардида, дар сафари хидматианд ва озодона дар шаҳри Кобул будубош доранд.«Айни замон ширкате, ки ҳайати кормандони чархболу ҳавопаймоҳоро киро кардааст ҳамаҷониба баҳри ҳалли баҳси ҷойдошта кӯшиш ба харҷ медиҳад. Пас аз ҳаллу фасли масъала ҳайати кормандон ба фаъолияти худ идома медиҳанд», — таъкид шудааст дар хабари хадамоти матбуоти «Тоҷик Эйр».








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






