Тоҷикистон робитаҳояшро бо кишварҳои арабӣ тақвият медиҳад
Душанбе, 16 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи наздик ҳамкории худро бо вазоратҳои маорифи кишварҳои арабӣ, назири Арабистони Саудӣ, Уммон, Кувайт ва Қатар густариш медиҳад. Назар ба иттилои Тамара Насимова, сардори Раёсати равобити байналмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ алҳол Вазорати маориф дар мувофиқа бо вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва Мамлакати Арабистони Саудӣ лоиҳаи Созишнома байни Вазорати маорифи Мамлакати Арабистони Саудӣ, лоиҳаи Тафоҳумнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Салтанати Уммон дар соҳаи маорифро таҳия намуда, ба вазоратҳои дахлдор барои баррасии пешниҳодҳои ин кишварҳо ирсол намуд. Ҳамзамон лоиҳаи Тафоҳумнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар баъди гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ба ҷониби Қатар ироа гардидааст. Инчунин, Вазорати маорифи кишвар Тафоҳумнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро таҳия намуда, барои мувофиқа ба ҷониби Кувайт ирсол намудааст. Тамара Насимова афзуд, ки алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 40 кишвари ҷаҳон дар бахши маориф ҳамкории густурда дорад. Дар ин давра сафари намояндагони вазоратҳои маориф ва ташкилотҳову муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ба мисли Русия, Чин, Қазоқистон, Афғонистон ба Тоҷикистон сурат гирифтанд, ки дар тавсеаи равобити ҳасана дар бахши илму маориф нақши муассир гузоштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






