Туркманистон гардиши мол бо Тоҷикистонро афзун карданист

Июль 26, 2012 08:48

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Туркманистон, Вазири молияи Ҷумҳурии Туркманистон Давлаткелди Содиковро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод ва савдо, молия, маорифу фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ баррасӣ гардид. Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Туркманистон дар оянда низ ҳамчун ду кишвари дӯст ҳамкориҳои худро дар бахшҳои мухталиф равнақ хоҳанд дод.  «Масъалаи тақвият додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо ва афзун гардонидани интиқоли молу маҳсулот байни ду кишвар дар меҳвари мулоқоти мо қарор дошт», иброз дошт Давлаткелдӣ Содиқов. Номбурда афзуд, ки ҷониби Туркманистон омода аст, то ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо ҳар гуна чолишу хатарҳо, терроризм, экстремизм ва инчунин дар масъалаи рушди иқтисодиёти Афғонистон ва пойдории субот дар он бо Тоҷикистон ҳамраъю ҳампаймон бошад. Ба гуфти Давлаткелдӣ Содиқов дар соли 2011 гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркманистон ҳамагӣ 194 миллион долларро ташкил додааст, ки ин ҷавобгӯи тадаботи ҷонибҳо нест. Номбурда афзуд, алъон имкониятҳои мо дар самти содирот ва воридоти маҳсулот низ беҳтар гардидааст ва мо мекӯшем, то кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникиро ҷонноктар намоем. Сафари Давлаткелдӣ Содиқов ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом меёбад, ки дар назар аст ба наздикӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Туркманистон ташриф бурда, якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро ба имзо расонад.

Июль 26, 2012 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд