Вакилон ба таътил баромаданд
Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон шурўъ аз имрўз ба таътили тобистона баромаданд. Вакилон дар доираи таътили тобистона, ки он се моҳ идома меёбад, ҳамзамон бо интихобкунандагони худ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат вохўрию сўҳбатҳо мегузаронанд. Тавре аз палатаи поёнии парлумони кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вакилон аз моҳи октябри соли равон бо оғози иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ба фаъолият шурўъ менамоянд. Маҷлиси намояндагон- палатаи поёнии парлумони мамлакат ва ҳамзамон палатаи касбии доимоамалкунанда буда, аз соли 2000 –ум инҷониб фаъолият дорад. Палатаи мазкур аз 63 вакил иборат аст ва онҳо ба муддати 5 сол интихоб мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






