Вакилон барномаи рушди соҳибкориро тасдиқ менамоянд
Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-12 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ҳамзамон раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аст, қарори марбута ба тасвиб расонд. Дар назди вакилони шаҳрӣ муовинони раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт доир ба иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» дар нимсолаи аввали соли 2012 ҳисобот медиҳанд. Ҳамзамон дар рўзномаи иҷлосияи шаҳрӣ баррасӣ ва тасдиқи «Барномаи дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014», «Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013» ва як қатор қарорҳои раиси шаҳр дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






