Варзиш-зидди мухаддирот
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 25 то 27 июли соли ҷорӣ дар маҷмааи варзишии «Чемпион»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд зери шиори «Варзиш-зидди мухаддирот» мусобиқаи варзишии байналмилалӣ оид ба муҳорибаи тан ба тан оғоз ёфта идома дорад.Дар маросими кушодашавии мусобиқа намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи миллии муҳорибаи тан ба тани ҶТ ва Агентии Олмон оид ба ҳамкорӣ (GIZ), ки ба ҳайси ташкилкунандагони мусобиқа иштирок доранд, дар назди ҷамъомадагон ва варзишгарон сухан гуфтанд.Дар ин муҳориба варзишгарони синни 13 -18 солаи кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.Мақсади чорабинӣ аз тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташаккули муносибати манфӣ ба маводи мухаддир, ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои фаъоли варзишӣ, инчунин равнақ додани муҳорибаи тан ба тан иборат мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






