Варзоб -меҳмонхонаи Тоҷикистон
Варзоб, 17 июл.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев ).-Тибқи нақша дар маркази ноҳияи Варзоб мағозаи фурӯши гулу гиёҳҳои шифобахш бо шароити мусоиди нигаҳдорӣ ташкил мешавад,-иброз дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Варзоб Акбар Ятимов. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ муовинони раис, мудирони шӯъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд. Раиси ноҳия дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввал маълумоти муфассал дод.Хушбахтона, солҳои охир ноҳияи Варзоб на танҳо бо табиати афсонавию гулу гиёҳҳои шифобахшу оби мӯъҷизаосояш, балки бо сохтмони биноҳои замонавии маъмурӣ, минтақаҳои зиёди истироҳатӣ на танҳо барои сокинони ҷумҳурӣ, балки барои сайёҳони хориҷӣ низ диққатҷалбкунанда гаштааст. Ин дараи зебоманзар воқеан меҳмонхонаи Тоҷикистон аст, зеро ҳар меҳмоне, ки меояд, ҳатман аз ин мавзеи дилпазир дидан хоҳад кард.Дар ноҳия рушди соҳаи чорводорӣ назаррас аст. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ саршумори чорвои калони шохдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз ҳазор сар ва чорвои хурд зиёда аз 7 ҳазор сар зиёд гашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






