Воридоти ордро гумрук назорат мекунад, гўшту тухмро чӣ?
Душанбе, 31 июл. (АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва воридоти 12 намуди маҳсулоти ниёзи аввал ба пойтахт дар ҷаласаи шаҳрдорӣ муқаррар гардид, ки масъалаи назорат, ташкили воридот ва аз рўи нархҳои муайянгардида ба фурўшгузории орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон ба зиммаи Раёсати гумруки шаҳри Душанбе, гўшту тухм ба ўҳдаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе, картошка, сабзӣ ва пиёз ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, равғани растанӣ, биринҷ ва шакар ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ва шир ба зиммаи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Н. Комилов вогузор карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки 10 июли соли равон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарорро “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” ба тасвиб расид. Тибқи он дар тўли моҳи Рамазон, яъне аз 19 июл то 20 август 12 намуди маҳсулоти хўрокворӣ бо нархи — як кг гўшти гов 29 сомонӣ, гўшти говмеш 19, гўшти гўсфанд 30 сомонӣ, як халта орди навъи «Шамалған» то 110 сомонӣ, 1 литр равғани растанӣ то 8 сомонӣ, як кг биринҷи ватанӣ то 7 сомонӣ, як кг шакар то 5 сомонӣ, 1 литр шир то 3 сомонӣ, як кг картошка то 2 сомонӣ, як кг сабзӣ то 2 сомонию 20 дирам, як кг пиёз то 1сомонию 10 дирам ва нархи 1 дона тухм то 60 дирам дар тамоми бозорҳои шаҳр муқаррар карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






