Воридшавии сармоя кам шуд

Июль 20, 2012 10:50

Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-июни соли 2012 сармоягузорӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ 1 млрд. 707,1 млн. сомониро ташкил дод. Ин дар мавридест, ки дар ҳамин давраи соли 2011 воридшавии сармоя дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба 1 млрд.929,6 млн. сомонӣ расида буд.Ба иттилои манбаъ, дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ барои таҷдид ва барқарорсозии роҳи мошингарди Душанбе -Турсунзода ба маблағи 73,4 млн.сомонӣ, аз ҷумла 1,9 млн. сомонӣ маблағҳои давлатӣ ва корхонаю ташкилот ва 71,5 млн. сомонӣ сармояи хориҷӣ азхуд карда шудааст.Дар моҳҳои январ-июн дар ҳудуди ВМКБ 31 млн.сомонӣ (дар соли 2011 42,5 млн.сомонӣ), дар вилояти Хатлон-442,9 (дар соли 2011 382,7 млн. сомонӣ), дар вилояти Суғд-267,1 (дар соли 2011 445,7 млн.сомонӣ), дар шаҳри Душанбе-314,9 (дар соли 2011-491) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 651,2 млн.сомонӣ сармояи хориҷӣ дохил гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 222,5 млн. сомонӣ камтар аст.Сабаби кам шудани сармоягузории хориҷиро дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дар камманфиатӣ барои сармоягузорон медонанд. Сармоягузории асосӣ ба сохтмони роҳ, алоқаю нақлиёт,таъмири нақлиёт ва сохтмони меҳмонхонаҳо ҷалб гардидааст.

Июль 20, 2012 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад