1 сентябр – оғози соли нави таҳсил
Душанбе, 31 август.(АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 1 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи дониш таҷлил гардида, ин рӯз аз дарси Сулҳ оғоз меёбад. Тавре ки аз Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Рӯзи дониш маросими ботантанаи ифтитоҳи аввалин «Мактаби байналмилалии президент» баргузор гардида, дар он иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Мувофиқи суханони сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Абдусамад Муллоев, сараввал дар мактаби нав 200 нафар мактаббачагон таҳсил намуда, дар оянда он 660 нафар хонандагонро дар бар мегирад. Дар ин мактаб шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Мактаби мазкур хобгоҳи муҷаҳҳаз, ошхона ва барои омӯзгорон бинои истиқоматӣ дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






