Ғалабаи футболбозони тоҷик
Душанбе, 30 август.(АМИТ «Ховар»).- Дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол дар мусобиқоти байналмилалӣ байни кӯдакони соли таваллудашон 1998-1999, ки аз 17 то 21 август дар шаҳри Уши Қирғизистон баргузор гардид, ғолиб омад. Дар ин мусобиқот дастаҳои Тоҷикистон,Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок доштанд. Футболбозони ҷавони тоҷик бо роҳбарии мураббӣ Зайниддин Раҳимов дар панҷ вохӯрӣ 11 хол ба даст оварда, мақоми аввалро касб намуданд. Ҷойҳои дуюм ва сеюм насиби футболбозони Қирғизистон гардиданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






