Ғарқшудагон ҳанӯз ёфт нашудаанд
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 26-уми август дар километри 110-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд садама ба амал омад, ки бар асари он панҷ нафар, аз ҷумла ду ноболиғ ба ҳалокат расид.Cадамаи фоҷеабор дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух додааст. Ронандаи мошини тамғаи «Mercedes-Benz» Даврон Набиеви 26-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба мошини тамғаи «Mitsubishi» таҳти идораи Бахтиёр Абдуллоеви 41-сола бармехӯрад.Дар натиҷаи ин бархӯрд мошини «Mercedes» ба рӯдхонаи Фондарё сарозер рафта, ронанда ва мусофирони он – Таҳмина Холматоваи 35-сола, Саида Ғафуроваи 15-сола, Парвина Ғафуроваи 5-сола ва Ҷаҳонгир Ғафуров дар дарё ғарқ шудаанд.Дар айни замон ҷиҳати дарёфт ва берун овардани ҷасади фавтидагон тадбирҳо андешида мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






