Қабули эътимоднома аз сафирони нав
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Туркманистон, Япония, Фаронса, Руминия, Африкаи Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта эътимоднома қабул намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз қабули эътимоднома аз сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои Туркманистон, Япония, Фаронса, Руминия, Африқои Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта ҳамаи онҳоро бо оғози иҷрои ин вазифаи муҳим дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду таҳкими муносибатҳои воқеан дӯстона ва ҳамкории судманди гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.
Эмомалӣ Раҳмон Туркманистонро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номида, изҳори итминон намуд, ки муколамаи сиёсии доимии ду кишвар дар рафти сафари қарибулвуқуи Президенти Тоҷикистон ба Ашқобод идомаи бофайз хоҳад ёфт.
Аз раванди густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса, Япония, Руминия ва Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ низ изҳори қаноат карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла доир ба дастгириҳои пайвастаи Япония аз рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон чунин гуфт: «дар давоми бист соли истиқлолият мо дастгириву мусоидати беғаразонаи ҷомеа ва давлати Японияро пайваста эҳсос мекардем ва онро ҳамеша қадрдонӣ менамоем».
Барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Африкаи Ҷанубӣ, қабл аз ҳама, тавсеаи заминаи меъёрию ҳуқуқии он зарур шумурда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ордени Мухтори Малта дар арсаи байналмилалӣ, ки дар пояи принсипҳои ғайрисиёсии гуманитарӣ ва бетарафӣ асос ёфтааст, баҳои баланд дода, ҳавасмандии Тоҷикистонро ба рушди ҳамкорӣ бо он таъкид дошт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






