Қадршиносии Мавзуна дар Кӯлоб

Август 17, 2012 14:07

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Кӯлобшаҳр, ки зодгоҳи барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон- 2012 Мавзуна Чориева мебошад, аз соати ғалабаи Мавзуна дар Лондон барои истиқболи ӯ омодагӣ гирифт. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нақшаи истиқболи қаҳрамондухтари тоҷик таҳия гашта, мутобиқи он роҳбарияти шаҳр дар якҷоягӣ бо кулли ҷамоатчигии шаҳр Мавзунаро дар даромадгоҳи шаҳр бо гулу гулдаста ва дафу най истиқбол мегиранд ва корвон тавассути кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба маҳалли зисти Мавзуна- кӯчаи Якуми Майи шаҳр раҳсипор мешавад. Ҳамчунин ба шарафи пирӯзии Мавзуна дар назди муҷтамаи меъмории 2700-солагии шаҳри Кӯлоб барномаи бузурги ҳунарӣ бо иштироки чеҳраҳои саршиноси санъати тоҷик, аз ҷумла Сурайё Қосимова, Гулчеҳра Содиқова, Меҳрнигори Рустам баргузор хоҳад шуд. Дар ин рӯз ба Мавзуна аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб калиди хонаи панҷҳуҷрадор супорида мешавад. Бояд гуфт ибтикори мақомоти маҳаллӣ дар қадршиносии Мавзуна Чориева охири кор нест. Чанд соҳибкори Кӯлоб низ аз омодагии худ дар эхдои тӯҳфаҳои хотиравӣ ба Мавзуна хабар доданд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб низ нақшаеро тартиб додааст, ки тибқи он дар ояндаи наздик вохӯрии Мавзуна Чориева бо ҷавонони шаҳр, донишҷӯёни макотиби олӣ ва муҳассилини макотиби миёна баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сухангӯи раиси шаҳри Кӯлоб Сӯҳробшои Фаррухшо иттилоъ дод.

Август 17, 2012 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд