Қарзҳои нави бебозгашти Бунёди ҷаҳонӣ
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Бунёди ҷаҳонӣ оид ба муборизаи зидди БПНМ (бемории пайдошудаи норасоии масуният), бемории сил ва вараҷа барои 37 кишвар 45 қарзи нави дусолаи бебозгаштро тасдиқ намуд, ки маблағи умумиашон 419 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Тавре ки Маркази навигариҳои СММ хабар медиҳад, аз ин маблағҳо муассисаҳои тандурустии Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ бархурдор мешаванд. Маблағҳои қарз барои ҷилавгирӣ, муолиҷа ва нигоҳубини шахсони мубталои бемориҳои зикршуда мавриди истифода қарор мегиранд. Бунёди ҷаҳонӣ дар давраи мавҷудияташ барои беш аз 150 кишвар ҷиҳати дастгирии барномаҳои ҷилавгирӣ ва муолиҷаи ин бемориҳо 23 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






