Қитъаи замин — 3000 доллар
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ба мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур Раҳмиддин Мирванҷович Имомиддинови 56 сола, сокини ноҳияи Ванҷ, деҳаи Рохарв муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2010 Хуршед ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 3000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ дар шаҳри Душанбе дар маҳаллаи «Ховарон» қитъаи замин бо ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматӣ тайёр карда медиҳад, аммо маблағро гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ Хуршед Раҳмонович Қутбиддинови 41 сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуд ва ҳоло ӯ зери тафтиш қарор дорад.Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати пешгирии хариду фурӯш, истифодаи ғайриқонунии замин ва дигар омилҳои коррупсионӣ ҳангоми тақсими замин тадбирҳои мақсаднок андешида шуда, 55 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ошкор шуда, мавриди санҷиш ва тафтиши пешакӣ қарор дода шуд. Ҷиноятҳои зикргардида дар ҳудуди вилояти Хатлон 25-ҳолат, дар вилояти Суғд 8-ҳолат, дар шаҳри Душанбе 4-ҳолат ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18-ҳолат ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






