Қурбониёни Ироқ ба 107 нафар расиданд
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Ироқ теъдоди қурбониёни силсилатаркишҳо дар Ироқ ба 107 нафар расид. Ёдовар мешавем, ки дар як ҳафта якбора 8 амали террористӣ дар шаҳрҳои Киркук, Садр ва Мосул сар зада буд. Ҳамчунин бар асари ин таркишҳо 217 каси дигар захмӣ шуданд. Аксари қурбониёни таркишҳоро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил медиҳанд. Сокинони мамлакат аз ҳукуматдорон талаб доранд, ки барои пешгирии чунин ҳамлаҳои хунин дар ҷумҳурӣ тадбир андешанд.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






