Ҳалокати 6 нафар ронанда дар садама

Август 6, 2012 14:13

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам). — Аз 30 июл то 5 августи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 22 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 6 нафар ба ҳалокат расида, 24 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Аз таҳлили садамаҳои рухдодаи роҳу нақлиётӣ бармеояд, ки аксари ин ҳодисаҳо дар шаҳри Хуҷанду Истаравшан ва ноҳияҳои Фархору Восеъ ба вуқўъ омадаанд. Бештари ин садамаҳои роҳу нақлиёт бо айби пиёдагардон, яъне якбора баромадан ба самти муқобили ҳаракат, убур намудани роҳ аз ҷойҳои номуайян, ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои бехавфи зеризаминӣ истифода набурдани онҳо сар задааст. Дар ин бора корманди шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.

Август 6, 2012 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд