Ҳалокати 9 нафар дар як ҳафта

Август 13, 2012 12:58

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Аз 06 то 13 августи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 22 садамаи роҳу нақлиёт қайд шудааст, ки бар асари онҳо 9 нафар ба ҳалокат расида, 19 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-21015» Нуров Абдуманнон, соли таваллудаш 1977, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Сомониён ба самти деҳаи Чорсӯ ба мошини тамғаи «ВАЗ-2106» таҳти идораи Фатҳулло Файзуллоев, соли таваллудаш 1977, бархӯрда ва аз роҳ баромада, пиёдагардон Васеленко Вера, соли таваллудаш 1974 ва писари хурдсолаш Темур Кабирови даҳсоларо зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасанд. Аз таҳлили садамаҳои рухдодаи роҳу нақлиётӣ бармеояд, ки аксари ин ҳодисаҳо дар ноҳияҳои тобеи марказ ба вуқўъ омадаанд. Аз ин хотир риояи қоидаҳои оддитарини ҳаракати роҳ ҳама гуна садамаҳои нақлиётиро пешгирӣ менамояд. Дар ин бора сардори шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати Корҳои дохиилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.

Август 13, 2012 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд