Ҳалокати се ноболиғ аз беэҳтиётӣ
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 19 августи соли ҷорӣ ронандаи мошини тамғаи «Nexia» Зокир Нусратуллоевич Сайфуллоеви 38 сола, сокини ноҳияи Сино, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Котовский назди бинои 17 пиёдагардони хурдсол- Искандар Абдураҳмонович Ҳакназарови 10 сола, Алиҷон Абдураҳмонович Ҳақназарови 7 сола ва Садриддини Муҳаммади 9 сола, сокинони кӯчаи Пайрав Сулаймониро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ду нафарашон ба ҳалокат расидаанд.Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз ронандаи мошини тамғаи «Leganza» Нурулло Асадуллоевич Азизов, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳраки Сомониён ба тарафи шаҳри Душанбе дар ҳудуди кӯчаи Ҷавонон қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, пиёдагарди хурдсол Нарзуллоев Маҳмуди 8 сола, сокини кӯчаи Гоголро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






