«Ҳамраъйи исломӣ — ҳамбастагии исломӣ»
Душанбе 14 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар даҳаи дуввуми моҳи августи соли 2012 дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ нишасти коршиносони аршади кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, нишасти ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ таҳти унвони «Ҳамраъйи исломӣ — ҳамбастагии исломӣ» баргузор хоҳад гашт.Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар нишастҳо аз ҷониби Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ҳайъате иборат аз муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов, Раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳим Холиқов, сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои вазорат Ардашер Қодирӣ ва сафири ҶТ дар Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев иштирок хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






