Ҳолати ташвишовари техникаи коммуналӣ

Август 13, 2012 08:56

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То имрӯз ҳолати бади таъмини техникаи махсуси корхонаҳои коммуналӣ роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. Дар моҳи июли соли 2012 дар мувозинаи корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 709 адад техникаи махсуси баҳисобгирифташуда, танҳо 256 адади он коршоям мебошад,- иброз дошт директори кулли КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» А. Тағоймуродов ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба гуфти А.Тағоймуродов, 453 адад техникаи дар мувозинаи корхонаҳои соҳа ба қайд гирифташуда мӯҳлати дуюму сеюми истифодабариашон кайҳо гузаштааст. Бо вуҷуди он ки техника хеле кӯҳнаю фарсуда аст, баҳри самаранок истифода намудани он дар асоси фармони директори кулли Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» -и ҷумҳурӣ ҳамаи роҳбарони корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки техникаи дар ихтиёр доштаашонро аз таъмир бароварда, мӯҳлати истифодаи онҳоро зиёд намоянд.То охири моҳи июл 15 фоизи техникаи таъмирталаб ба маблағи 147 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуд.- «Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии коммуналӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 79 адад мошинҳои партовкаш, 67 адад мошинҳои махсуси ассенизатсионӣ, 54 адад экскаватор ва булдозерҳо лозиманд, ки хариди он маблағи хеле калонро талаб мекунад. Мо чунин маблағро дар суратҳисоби худ надорем ва аз ин рӯ, техникаи дар ихтиёр доштаамонро гаштаю баргашта таъмир ва мавриди истифода қарор медиҳем»,- афзуд А. Тағоймуродов.

Август 13, 2012 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд