Ҷаҳонисозии геология тавассути дастовардҳои илмӣ
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). -Дар шаҳри Брисбени Австралия Конгресси байналмилалии геологҳо (КБГ) доир гардид, ки дар он 5000 намоянда аз 112 кишвари дунё иштирок намуд. Геологони тоҷик дар ин иҷлосия бори дуюм аст, ки ширкат меварзанд. Бино ба иттилои сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи 34-ум намояндагони тоҷик се маърӯза карданд. А. Иброҳим афзуд, ки иштироки намояндагони геологҳои Тоҷикистон бо сарпарастии ширкатҳои Финляндия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Австралия имконпазир гардид.Мавриди зикр аст, ки мақсади асосии иҷлосияи КБГ «Australia-2012»-татбиқи кашфиёти навини соҳаи геология, дастовардҳои фановарӣ ва такмилу равнақи илмҳои заминшиносӣ буд, ки дар КБГ таҳти шиори «Дастовардҳои илмӣ ва ҷаҳонисозии геология» баррасӣ гардид.Дар доираи барномаи иҷлосияи 34-уми КБГ ҳамчунин чорабиниҳои иҷтимоӣ ва экскурсияҳои геологӣ ба иншооти шавқовар, намоишномаҳо, аз ҷумла намоишҳои «GeoExpo» гузаронида шуданд.Тибқи қарори қабулшуда иҷлосияи навбатии 35-уми КБГ соли 2016 дар шаҳри Йоханесбурги Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, иҷлосияи минбаъдаи 36-уми КБГ соли 2020 дар Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






