Ҷамъоварии ҳосили ғалла ва лӯбиёгӣ
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). — Соли ҷорӣ дар майдони 300072 гектар зироати ғалла ва лӯбиёгӣ кишт шудааст, ки дар айни замон ҷамъоварии он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ бо суръат идома дорад. Тибқи маълумоти фаврии раёсати растанипарварӣ 214026 гектари он дарав шудааст, ки баробари 71,3 фоиз буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2935 гектар зиёд мебошад. Ҳамзамон ҳосилнокии умумӣ 492764 тоннаро ташкил медиҳад, ки аз нақша 60255 тонна зиёд аст ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 24,6 сентнериро ташкил медиҳад. Зиёда аз 577 адад комбайн дар давраи ҷамъоварии ҳосил дар саҳро фаъолият доранд. Майдони кишти гандум дар маҷмӯъ 211943 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65225 гектар зиёд мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






