Ҷараёни амалиёти «Бачаҳо» дар Бадахшон
Бадахшон, 31 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- 25-уми август дар қаламрави ВМКБ амалиёти мақсадноки «Бачаҳо» оғоз гардид. Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД ВМКБ баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани он тадбирҳои зиёдро амалӣ мегардонад. Бозраси калони ШБДА РВКД ВМКБ, капитани милитсия Фотима Азизбекова гуфт, ки мақсади асосии чорабинӣ гирифтани пеши ҳодисаҳои нохуши нақлиётие мебошад, ки боиси ҳалоку маҷрӯҳ шудани ноболиғон ва кӯдакон мегарданд. Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ барои ронандагону волидайну омӯзгорон муроҷиатнома қабул намуд, ки дар он ронандагон ба риояи бехатарии ҳаракати роҳ даъват мешаванд. Омӯзгорон бояд дар ёд додани қоидаҳои ҳаракати роҳ ба шогирдони хеш, хусусан ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ диққати зарурӣ диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






